БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ НИМ МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ СУРХЧАВУ СУРХАКОН ОВАРДАНД

Опубликовано: 24 Март 2022
на канале: Bomdod TV
1,171
12

Намояндагии ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки Созмони Милал рӯзи 24 март хабар дод, ки ба Тоҷикистон тавассути ин созмон 541 000 вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча (корь), паротит (свинка) ва сурхакон (краснуха) оварда шуданд. ЮНИСЕФ гуфт, ин вояҳо аз ҷониби шуъбаи Сандуқи кӯдаки Созмони Милал дар Копенҳаген, пойтахти Дания бар пояи 840 ҳазору 173 доллар кумаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ харидорӣ шуда, бахше аз барномаи пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби муборизааш бо пандемияи коронавирус мебошад. Тибқи ин барнома, Бонки ҷаҳонӣ барои пур кардани камбуди буҷаи Тоҷикистон харидории вояҳои ваксинаи зидди ин се бемориро низ ба дӯши худ гирифтааст.