ТЕМУР ВАРҚӢ БА ҶОИ ШЕРЗАМОНОВ РАҲБАРИ АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК ИНТИХОБ ШУД

Опубликовано: 25 Август 2024
на канале: Bomdod TV
3,200
8

Шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса Темур Варқӣ ба ҷои Алим Шерзамонов раҳбари нави Анҷумани озодандешони тоҷик (АОТ), яке аз 3 созмони узви Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи дар худи Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, интихоб шуд. Раҳбарии ин созмони оппозитсиониро то кунун Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон ба дӯш дошт. Дар ин бора рӯзи 25 августи соли 2024 Салим Султонзода, узви шӯрои Анҷумани озодандешон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод.
Дар посух ба суоли “Бомдод” дар бораи сабаби аз мақоми раиси Анҷуман рафтани Шерзамонов, Султонзода тафсилот надод ва танҳо гуфт, ки “Шӯрои раҳбарӣ чунин тасмим гирифт”. Худи Шерзамонов сабаби рафтанашро шарҳ надодааст.
Бино ба иттилои Султонзода, дар ҷаласаи ахир Шералӣ Ғуломалиев, пажӯҳишгари Донишгоҳи Сукубаи Япония (Ҷопон) узви нави Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешон интихоб шуд.
Салим Султонзода гуфт:
“Шӯрои Анҷумани озодандешони тоҷик ҳоло аз 7 нафар иборат аст:
1. Темур Варқӣ
2. Алим Шерзамонов
3. Сайидюнуси Истаравшанӣ
4. Салим Султонзода
5. Шералӣ Ғуломалиев
6. Ҷамшед Ёров
7. як олими точик, ки ҳоло мо номи ӯро эълон карда наметавонем”.