Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки сайру фароғати шабонаи ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба фоҷеа печид. Киштии тафреҳие, ки гурӯҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.
Ин ҳодиса шаби 21-уми августи соли равон, соати 23:37 рух дод. Як гурӯҳи ҳафтнафараи ҷавонон савори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон саргарми сайр будаанд. Картерро бо суръати хеле баланд меронданд ва ҳангоми гардиш ин киштии тафреҳӣ мувозинатро гум карду чаппагардон шуд ва сарнишинони он ҳамагӣ зери об рафтанд.
Ба кормандони тарабхонаи «Latina-Dushanbe» муяссар шуд 6 нафарро наҷот диҳанд. Вале муаассифона, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе ба қаъри об рафт ва ғарқ шуд.
Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони навбатдори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Соати 00:55 дақиқа ҷасади ҷавон пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд.
Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Соли 2023 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумоа 87 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд. Имсол, бо вуҷуди онки мавсими оббозӣ ҳанӯз идома дорад, дар бораи ғарқ шудани тақрибан 140 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Беш аз нисфи ин ғарқшудагонро низ кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд.