ОШӮБИ ХУНИНИ МАҲБУСОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК МАҲБАС ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ
Рӯзи 23 августи соли 2024 чор маҳбус - ду маҳбус аз Тоҷикистон ва дуи дигар аз Ӯзбекистон – дар маҳбаси №19 (ИТК -19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград бо корду болға мусаллаҳ шуда, чанд корманди ин маҳбасро гаравгон гирифтанд. Онҳо бо таҳдиди куштани гаравгонҳо дар видеоҳои ирсолкардаашон парчами сиёҳи ДОИШро алвонҷ дода, изҳор доштанд, ки барои “бародарони бегуноҳ зиндонишуда” қасос мегиранд. Онҳо ҳамчунин автомат, чархбол ва 2 миллион доллар талаб карданд ва таҳдид доштанд, ки агар талаботи онҳо иҷро нашавад ваё ба болои онҳо ҳамла шавад, онҳо бомби худсохтеро, ки гӯё дар дохили ҳамин маҳбас тайёр кардаанд, метарконанд.
Аз 4 маҳбуси ошӯбгар се нафараш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва танҳо Темур Ҳусинов аз Ӯзбекистон бо ҷурми куштор аз беэҳтиётӣ зиндонӣ шуда буданд. Ҳусинов дар ҳоле даст ба исён зад, ки то озод шуданаш ҳамагӣ дувуним моҳи дигар монда буд.
Соати 16:00 нирӯҳои вижа ба ҳамла шурӯъ карданд. Дар қадами аввал снайперҳои СОБР ошӯбгаронро ҳадафи тир қарор доданд. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, аз 4 ошӯбгар дуяш дақиқан кушта шуда, дуи дигараш дар ҳолати вазнин қарор доранд. Гаравгонҳо озод карда шуданд. Маҳбуси 23-солаи тоҷик Рустамҷон Наврӯзӣ, ки тасмаи маргталабонаро ба тан карда буд, кӯшиш кардааст, ки онро битарконад, вале бомба натаркидааст.