Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 августи соли 2024 дар бораи боздошти як ҷуфти ҷавон бо иттиҳоми дар сомонаи Сомон.Тҷ нашр кардани эълони бардурӯғ дар бораи иҷора додани манзил дар пойтахт ва бо ин васила фиреб додани беш аз 15 нафар хабар дод. Ин зану шавҳар худро риэлтор муаррифӣ карда, аз шаҳвандони муҳтоҷи хона барои дидани хонаи иҷора пул мегирифтанд ва бо ҳамин ғайб мезаданд.
Маркази матбуоти милитсияи пойтахт гуфт, як қатор шаҳрвандон ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуданд, ки шахсони номаълум бо баҳонаи ба иҷора додани манзили истиқоматӣ, дар сомонаи «Сомон.тҷ» эълони бардурӯғ гузошта, маблағҳои онҳоро аз они худ кардаанд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафар ҳамчун гумобар дастгир карда шуданд.
Милитсия мегӯяд: “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Латипов Э. ва Камолова Н. бо ҳам зану шавҳар буда, бо мақсади мардумфиребӣ расмҳои манзили истиқоматиеро аз интернет гирифта, дар сомонаи «Сомон.Тҷ» эълони бардурӯғ гузоштаанд. Номбурдагон бо ин тарз беш аз 15-нафарро фиреб дода, маблағҳои онҳоро аз они худ кардаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Худи Латипов Э. ва Камолова Н. ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.