Маъмурони милиса дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро ба гумони навиштани "даъвату таҳдид" дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона дастгир кардаанд.
Мақомот ба таври расмӣ маълумот намедиҳанд. Як ҳамсуҳбати радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми август боздошти ҷавонҳоро тасдиқ кард, аммо ба сабаби гуё махфӣ будани парванда ва надоштани иҷозаи суҳбат ҷузъиёт надод.
Кӯшишҳои мо барои ёфтани волидони боздоштшудаҳо ва гирифтани шарҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия то ин дам бенатиҷа буд.
Манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса дар аввали моҳи август дар ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯй додааст. Яке аз онҳо гуфт: "Дар девори мағоза, сартарошхона ва мактаби ба номи Горкий навиштаанд, ки "аккаунтҳо ва адресҳои телефонҳоятонро иваз кунед" ва "хонаи онҳоеро, ки моро ба мақомот мефурӯшанд, оташ мезанем". Ин хабар ба мақомот расид ва тафтиш дар ҷамоат сар шуд."
Ангезаи чунин рафтори ҷавонон маълум нест. Дар гузашта чанд нафарро дар Тоҷикистон барои дидан ё гузоштани "лайк"-у ба дигарон фиристодани навори вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ кардаанд. Чанд нафари дигар дар манотиқи гуногуни кишвар бо айбномаи часпондани парчами ДОИШ зиндонӣ гаштаанд.