БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ЗАНИ МАСТ: ҲАМ МОШИНАШРО ПАЧАҚ КАРД, ҲАМ 2 000 $ ҶАРИМА ШУД ВА ҲАМ БЕ “ПРАВА” МОНД

Опубликовано: 25 Август 2024
на канале: Bomdod TV
129,094
189

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 августи соли 2024 дар бораи боздошти боз як зан хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ пушти чанбари фармони мошин нишастааст. Фархунда Қурбонова, сокини 28-солаи Ҳисор ба болои ин дар ҳолати мастӣ дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон дучори садама шуда, мошинашро пачақ ҳам кардааст.
Бино ба иттилои милитсия, Қурбонова Фархунда, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Ҳундай», рақамҳои қайди давлатиаш 17 69 GG 01, ба садама дучор гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ба ҳамин сабаб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Қурбонова Ф. бар асоси моддаи 332 Кодеки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Додгоҳ нисбат ба ӯ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21 ҳазору 600 сомонӣ (қариб 2 ҳазор доллар) таъйин кард. Фархунда Қурбонова ҳамчунин бо қарори додгоҳ барои 5 сол аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум карда шуд.