ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани як ҳолати нодири даюсӣ, яъне тамаъҷӯии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ... марди бегонае, ки бо ҳамсари ӯ ишқварзӣ мекард, хабар дод.
Гуфта мешавад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар бораи он, ки ҳамсараш зани 31-сола бо марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов муносибати ошиқона дорад, маълумот пайдо карда, тасмим гирифтааст, ки аз ин ҳолат барои худ манбаи пулкоркунӣ бисозад: Ӯ бо маслиҳати пешакӣ аз ҳамсараш хоҳиш кардааст, ки ҷабрдидаро ба манзили муваққатан истиқоматиаш даъват намояд.
Ҷабрдида бо даъвати ҳамсараш 1-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:00 ба наздаш омадааст.
Дар ин вақт гумонбаршаванда дар манзили истиқоматиаш ҷабрдидаро дида, ҳолати бо ҳамсараш муносибати ошиқона доштани ӯро пеш оварда, ба ҷабрдида таҳдид намудааст ва барои муносибати ошиқонаи онҳоро ба хешу таборонаш фош накардан аз ӯ 20 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Ҳамин тавр гумонбаршаванда бо ҳамсараш бо роҳи таҳдид ва бо ваъдаи ошкор нашудани муносибатҳои ошиқона, тамаъҷӯиро идома дода, аз ҷабрдида 29-уми июли соли 2024, 30 ҳазор сомонӣ гирифта, баъдан боз 60 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.
Ҷабрдида маҷбур шуда, бо аризаи худ ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов муроҷиат намудааст ва дар вақти гирифтани 60 ҳазор сомонӣ гумонбаршаванда ва ҳамсараш дастгир карда шуданд.
Дар умум гумонбаршавандагон бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 110 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба зану шавҳар бар асоси ин банди қонун барои тамаъҷӯӣ ба маблағи махсусан зиёд аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тарафҳои ин моҷаро барои шарҳи мустақими он дастрас нестанд.