БА МОДАРАШ 15 000 РУБЛ ФИРИСТОД... ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР МЕШАВАД

Опубликовано: 23 Август 2024
на канале: Bomdod TV
168,885
133

Додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар шаҳри Маскав ба мурофиаи парвандаи Нозимова ном як зан аз Тоҷикистон, ки ба маблағгузории терроризм айбдор мешавад, оғоз кард. Дар ин бора рӯзи 22 августи соли 2024 аз толори ин додгоҳ хабарнигори хабаргузории давлатии Русия ТАСС гузориш дод.
Бар асоси маводи парвандаи ин зани тоҷик, ки дар оғози мурофиа эълон шуд, "Нозимова бар асоси қисми панҷуми моддаи 33 ва қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (мусоидат ё ҳамдастӣ ба фаъолияти террористӣ) айбдор мешавад. Тафтишот муайян кард, ки айбдоршаванда ба як нафари шахсияташ мушаххасношудаи марбут ба созмони террористии исломӣ 15 ҳазор рубл пул фиристодааст”.
Тафтишот мегӯяд, Нозимова он маблағи 15 ҳазор рублро бо мақсади маблағгузории фаъолияти созмони террористии дар Русия ва бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба Сурия фиристода буд.
Дар рӯзи аввали мурофиа Нозимова нақл кардааст, ки ӯ аз соли 2014 бо мақсади ҳифзи иртибот бо аъзои хонаводаашон, ки ба Русия рафта буданд ва таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.
Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки он 15 ҳазор рублро ба як нафари ношинос бо мақсади кумак ба кӯдаконе, ки дар урдугоҳи асирон қарор доштанд, ва ҳамчунин бо мақсади ҳифзи иртибот бо модараш, ки низ дар ҳамон урдугоҳи асирон будааст, интиқол дода буд.
Бино ба иттилои ТАСС, додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия парвандаи Нозимоваро рӯзи 26 июли соли ҷорӣ барои баррасӣ қабул кардааст.
Ба ин зан бар асоси қонунҳои Русия барои маблағгузории созмони террористӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубл таҳдид мекунад.