Шоми ҷумъа, 23 августи соли 2024, тақрибан соати 21, дар айни авҷи ҷашнвораи бахшида ба 650-солагии шаҳри Золинген дар сарзамини Рейни шимолӣ – Вестфалия дар ғарби Олмон дар майдони марказии ин шаҳр як марди ношинос бо корд ба издиҳом ҳамла овард.
Пулиси Дюсселдорф, ки Золинген низ дар ҳудуди масъулияташ қарор дорад, суҳби 24 август хабар дод, ки “дар натиҷаи ҳамла 3 нафар кушта шуда, 8 тани дигар захмӣ шуданд. 5 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҷинояткор тавонист аз ҷои ҳодиса фирор кунад. Шахсияти ӯ ҳанӯз муайян карда нашудааст. Пулис ҷустуҷӯи ҷинояткорро идома дода истодааст”.
Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс (Olaf Scholz) рӯзи 24 август дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) ҳамла дар Золингенро маҳкум кард. Шолтс ин ҳамларо “ҳодисаи мудҳиш” номид ва гуфт, “аз ин ҳодиса сахт ба риққат омадааст”. Садри аъзами Олмон дар изҳороташ гуфт: "Ҷинояткор бояд ҳарчӣ зудтар дастгир гардида, ба ҷазои сангин кашонда шавад”.