САРКАРДАИ ОШӮБГАРОН ДАР МАҲБАСИ ВОЛГОГРАД ШОҲАБДУЛКАРИМХОН КАРИМОВ БУДААСТ?

Опубликовано: 26 Август 2024
на канале: Bomdod TV
33,833
38

Бо гузашти чанд рӯз аз ошӯби хунини рӯзи 23 августи соли 2024 дар маҳбаси №19 (ИТК-19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгогради Русия дар бораи шахсияти иштирокчиёни ин ошӯб то ҳол маълумоти мухталиф ва гоҳо зиддунақиз ба даст мерасад.Қаблан гуфта мешуд, ки ин ошӯбро 4 маҳбус - ду зодаи Ӯзбекистон Рамзидин Тошев ва Темур Хусинов ва ду зодаи Тоҷикистон Назирҷон Тошов ва Наврӯзи Рустамҷон анҷом додаанд. Аммо модари Темур Хусинов ба журналистон гуфт, дар видеоҳои нашршуда дар байни маҳбусони ошӯбгар писари ӯ набуд.
Telegram-канали Baza хабар дод, ки Рамзидин Тошев ва Темур Хусинов дар ошӯби рӯзи ҷумъа дар маҳбаси №19 иштирок надоштанд ва номашон иштибоҳан дар рӯйхатти ошӯбгарон афтодааст.
Бино ба иттилои “База”, шахсияти маҳбусони ошӯбгарро баъди аз байн бурдани онҳо муайян карданд ва маълум шудааст, ки ба ҷуз аз Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, дар ин ошӯб Шоҳабдулкаримхон Каримов ва Шоҳиҷаҳон Сайфиев иштирок кардаанд. Сайфиев соли 2022 ва Каримов соли 2019 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буданд.
Telegram-канали Mash Шоҳабдулкаримхон Каримовро саркардаи ошӯби маҳбусон дар маҳбаси №19 номида, хабар дод, ки муфаттишон ҳоло мехоҳанд бародари ӯро бозпурсӣ кунанд. Фарҳодҷон Каримов низ соли 2016 ҳамроҳи бародараш Шоҳабдулкаримхон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуда буд, вале онҳо ин ҳама сол дар маҳбасҳои алоҳида адои ҳукм мекарданд.