Шаби 24 августи соли 2024 дар мусобиқаи Road To UFC (Роҳ ба сӯи UFC) дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико размандаи тоҷик Самандар Муродов, ки то ин набард 8 пирӯзӣ дар ҷайб дошту ягон бохт надорад, рақибаш аз Амрико Ҷонатан Пирсмаро, ки 9 пирӯзӣ ва 2 бохт дар ҷайб дошт, шикаст дод. Ин пирӯзии нӯҳуми Самандари маъруф бо лақаби “Шикастнопазир” ва бохти сеюми Пирсма буд.
Сомонаи расмии UFC, муътабартарин лигаи ҷаҳонии ҷангҳои бидуни қоида (ММА) навишт, ки Самандар Муродов дар ин набарди сангин бар Ҷонатан Пирсма бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) пирӯз дониста шуда, “бо даст ёфтан ба пирӯзии инак дуюмаш дар мусобиқоти Road To UFC рекорди шикастнопазириашро ҳифз кард”.
“Ин як набарди сангин байни ду размандае буд, ки ин рақобатро дар як муддати нисбатан кӯтоҳ бидуни омодагии кофӣ доир карданд. Дар ин ҷуфт Самандар Муродов назар ба рақибаш таъсирбахштар ҳунарнамоӣ карда, дар мавқеъгириҳо қотеияти зиёдтар намоиш медод ва зарбаҳоро зада гардонда, барои худ имкони зарба меҷуст ва пеши роҳи тамоми ҳамлаҳоеро, ки Пирсма мехост анҷом бидиҳад, мегирифт”, - навиштааст хадамоти матбуоти UFC.
Нахустин пирӯзии Самандар Муродов дар Амрико ва пирӯзии инак дуюмаш дар мусобиқоти Road To UFC дар арафаи ҷашни 25-солагии ин размандаи ҷавону ояндадори тоҷик иттифоқ уфтод: Самандар 28 августи соли 1999 дар ноҳияи Ванҷи вилояти мухтор и Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар муҳоҷират, дар шаҳри Твери Русия ба воя расидааст.