Видеои дар як масҷид дар пойтахти Чеченистон китоби барои мусулмонон муқаддаси “Қуръон”-ро бӯсидани президенти Русия Владимир Путин дар ин авохир дар кишварҳои мусалмоннишин ба як видеои хеле пуртамошобин, ё ба қавли дигар, вирус, табдил ёфтааст.
Рӯзи 20 августи соли 2024, Путин зимни боздиди аз масҷиди нави ба номи Паёмбар Исо дар шаҳри Грозний, пеш аз даромадан ба масҷид пойафзоли худро аз пой баровард ва ба ин масҷид китоби дастӣ китобату саҳифабандишудаи “Қуръон”-ро, ки сангҳои қиматбаҳо ва ороишоти тиллоӣ зиннат дода шудааст, туҳфа кард.
Вақте ки ӯ Путин ин китобро туҳфа мекард, онро ба даст гирифт ва бӯсид. Видеои ин лаҳза дар як они воҳид ба видеои вирус табдил ёфт ва дар кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар Туркия, Иморот, Миср, Сурия ва кишварҳои дигар миллионҳо тамошобин ҷамъ овард.