ВКД БОЗДОШТИ МОДАРИ АБДУРАҲМОН09-РО ТАСДИҚ КАРД: ШОҲИДА МАҲМАДҶОНОВА БА ИФРОТГАРОӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Опубликовано: 09 Февраль 2022
на канале: Bomdod TV
34,326
238

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 8 феврал дар як изҳороти алоҳида баъди 5 рӯзи бедарак шудани модари блогер Абдураҳмон09 (Шерзод Маҳмадҷонов) билохира расман тасдиқ кард, ки ӯ дар ҳабс қарор дорад.
“Нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”, гуфта мешавад дар изҳорот.
ВКД дар изҳороташ таъкид кардааст, ки “фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”
Аммо Абдураҳмон09 қаблан боздошти модарашро ба фаъолиятҳои худ рабт дод ва гуфт, мақомот мехоҳанд тавассути фишор ба наздиконаш ӯро ба қатъи танқиди ҳукумат водор кунанд.