Ахиран дар сохторҳои раҳбарии дастгоҳи марказии ВКД Тоҷикистон ва раёсатҳову шуъбаҳои милитсия дар вилояту шаҳру ноҳияҳои гуногун якбора 25 тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд. Рӯзи 2-юми феврали соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи ВКД таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфта, аз онҳо хостааст, ки содиқона ва аз рӯи виҷдон ба халқу давлат хидмат кунанд.
Аз миёни ин 25 таъйинот аз ҷумла полковник Ғайратшо Муборакшозода муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Рустам Шафизода сардори РВКД вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, генерал-майор Ҳусейн Халилзода сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайъати шахсии ВКД, полсковник Пулод Насуриён сардори Академияи ВКД, полковник Саидаҳмад Маҳмадҷонзода сардори раёсати таҳқиқ ва полковник Ҳабиб Қаҳҳорӣ, фарзанди вазири собиқи корҳои дохилӣ генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД таъйин шуданд.
Тавре аз ин тағйирот бармеояд, аз генералҳои ахиран барканоршуда танҳо Саиднахш Раҳмонзода, ки қаблан муовини вазир буд, ба вазифаи сардори муассисаи нақлиётии ВКД таъйин шудааст, ки ҳарчанд вазифаи “равғанин” аст, вале барои нафари соҳиби рутбаи генерал чандон баланду шоиста ба назар намерасад. Дигар барканоршудаҳо, аз ҷумла домоди вазир генерал Шодӣ Ҳафиззода ва сардори собиқи раёсати кадрҳо Сӯҳроб Рамазонзода, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз афроди хеле пурнуфуз дар ВКД ба шумор мерафтанд, ба ягон вазифаи нав таъйин нашудаанд. Манбаи “Бомдод” гуфт буд, ки гӯё аз “боло” чунин дастур шудааст, ки онҳоро дигар ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод накунанд.