Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки субҳи 1 январ, соати 07:17 ба вақти Тоҷикистон, аввалин заминларза дар соли 2022 ин кишварро такон додааст. Бино ба гузоришҳо, шиддати заминларза дар марказаш – 39-километрии шимолуғарби Мурғоб, ноҳияе дар наздикии марз бо Чин дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тибқи ҷадвали Рихтер, 4,2 баллро ташкил додааст. Гуфта мешавад, замин дар Мурғоб дар умқи 108 километр ларзидааст. Дар бораи кадом хисороте бар асари ин заминларза гузориш нашудааст.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ танҳо дар шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, як ҳафтаи охир 5, дар як моҳи охир 20 чунин заминларза ва дар як соли охир 199чунин заминларзаро сабт кардаанд.
Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.