Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 апрели соли 2023 хабар дод, ки рӯзи 25 апрел дар робита ба қазияи латтукӯби бераҳмонаи сарбозон нисбат ба сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд.
Ин банди қонун барои Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида, боиси оқибатҳои вазнин шуда бошад, ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Комендатураи якуми Ворух дар марзи ин ҷамоати марбут ба шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир шуда, яке аз доғтарин нуқтаҳо дар марзи тоҷику қирғиз ба шумор меравад.
Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 24 апрели соли 2023 дар як вокуниши сареъ ба видеои латтукӯби бераҳмонаи сарбозон хабар дода буд, ки 5 сарбозеро, ки ҳамхидматони худро латтукӯб карда буданд, пайдову дастгир карда, ба зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Аммо нимаи дуюми рӯзи 25 апрел ин хабар аз сомонаи Додситонии кул ба таври ногаҳонӣ ва бидуни кадом шарҳу тафсир пок карда шуд, ки ин сару садоҳои мухталиферо ба бор овард.
Баъди чанд соат додситонӣ бо нашри иттилоияи ҷадид аз боздошти подполковник Лазуриев дар робита ба ин қазияи пурсарусадо, ки ду рӯз боз ба мавзӯи №1 дар сегменти тоҷикии шабакаҳои интернетӣ табдил ёфтааст, хабар дод.