ОБЛАВА ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Опубликовано: 10 Апрель 2022
на канале: Bomdod TV
234,612
1.6k

Дар як видеои кӯтоҳе, ки дар Интернет нашр шуд, ба эҳтимоли ғолиб лаҳзаи “облава”-и як ҷавон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ин видео мавҷи вокунишҳоро дар байни мардум ба бор оварда, бисёриҳо бори дигар аз мақомот хостаанд, ба чунин шеваи обрӯрезандаи маҷбуран аз кӯча доштану ба артиш бурдани ҷавонон хотима диҳанд.
Дар навор дида мешавад, ки ду ҷавони либоси мулкӣ дар тан, ки якеаш риш ҳам дорад, як ҷавони дар дасташ борхалтаи сафарро аз ду дасту китфонаш дошта, бо худ бурданианд. Ҷавон гардан намедиҳад ва аз атрофиён “инҳо кӣ бошанд? Ман намедонам...” Аз байни издиҳоме, ки билофосила дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуд, чанд нафар гумони худро мегӯянд, ки “ин облава аст”. Вале он ҷавоне, ки ӯро бурданианд, мегӯяд, “охир ман хидмат кардагиам”.
Ин видео бо лаҳзае тамом мешавад, ки он ду нафар ҷавони дастгиршударо канор мебаранд.
Маълум нест, ки оё дар воқеъ ин нафарон ин ҷавонро бо мақсади ба артиш бурдан дастгир кардаанд ё асли гап дигар аст.