Додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи панҷшанбе, 22 июни соли 2023, Аёмбеков Рашид Абдураҳмонович, бародари хурдии Толиб (Толибек) Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин минтақаи мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистонро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора журналист Aнора Саркорова, ки асосан ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.
Мақомоти додгоҳии Бадахшон то кунун натиҷаҳои мурофиаи парвандаи додари Толиб Аёмбековро расман шарҳ надодаанд, вале Анора Саркорова бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки додгоҳ Рашид Аёмбековро бар асоси моддаи 187, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар узвият дар созмони ҷиноятӣ гунаҳкор шинохтааст. Мақомоти Тоҷикистон лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро “саркардагони гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ” ва пайравони онҳоро “аъзои “созмонҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ” мешуморанд.
Рашид Аёмбеков - охирин бародари дар озодӣ боқимондаи Толиб Аёмбеков – як ронандаи оддӣ дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” дар Хоруғ буд ва ба гуфтаи наздиконаш, ба аъмоли бародари пурнуфузаш ягон рабт надошт.
Ӯро кормандони амният рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Дарвоз дастгир карданд. Бино ба иттилои Анора Саркорова, Рашид Аёмбеков ҳамсарашро, ки бемории дил дошт ва баъди бозпурсиҳо дар раёсати амнияти Бадахшон аҳволаш бад шуда буд, барои муоинаи тиббӣ ба Душанбе мебурд, вале кормандони амният ҳардуро аз мошин фароварда, ба Хоруғ оварданд. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки Рашид Аёмбеков дар пайи чанд бозпурсӣ аз тарси боздошт мехост вилоятро тарк кунад, вале дастгир шуд.
Рашид Аёмбеков алакай нафари даҳум аз оилаи дар гузашта пурнуфузи Аёмбековҳост, ки дар як соли охир маҳкум ба зиндон шудаанд.