ЯК ҲАМШИРАИ ТИББӢ АЗ ХОВАЛИНГ ҲАНГОМИ ПУХТУПАЗИ НАШЪА БА ДАСТ АФТОДААСТ

Опубликовано: 06 Октябрь 2023
на канале: Bomdod TV
7,346
23

Маркази робита бо ҷомиаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи нашъаҷаллобон, аз ҷумла3 узви як оила аз ноҳияи Ховалинг, хабар дод. Дар байни ин се узви як оила як зан низ ҳаст, ки дар беморхонаи ноҳияи Ховалинг ҳамчун ҳамшираи тиббӣ кор мекард ва дар шабакаи нашъаҷаллобон вазифаи пухтан ва барои фурӯш тайёр кардани маводи мухаддирро бар дӯш доштааст. Аз хонаи вай 8 бастаи афюн иборат аз қариб 8 кило ёфт ва мусодира шудааст.
Маълум гардид, ки ин занро шавҳараш ба ин амали ҷиноӣ ҷалб кардааст ва маводи мухаддиреро, ки ӯ омода мекард, додари шавҳараш ба фурӯш мезадааст.