Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Комилҷон Ғаниев субҳи 10 январи соли 2023 дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Парвиз Пулодӣ, овозхон ва ҳунарпешаи шинохтаи зодаи Ҳисор хабар дод. Парвиз Пӯлодӣ дар бораи иллати марги Комилҷон Ғаниев чизе нанавишт, вале хабар дод, ки маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум рӯзи 10 январ, соати 15:00 дар зодгоҳаш, деҳаи Тахти ҷамоати Хонақоҳи кӯҳии Ҳисор баргузор мешавад.
Комилҷон Ғаниев, ки бо хондани таронаҳои мардумӣ ва классикӣ ном бароварда буд, ҳамагӣ 11 рӯз қабл аз зодрӯзи 73-юмаш даргузашт. Мухлисонаш аз ӯ ҳамчун як инсони хоксору самимӣ ва маҳфилоро ёд мекунанд ва мегӯянд, Комилҷон Ғаниев дар солҳои охир дар хондани таронаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла наът низ хеле забардаст шуда буд.