Манобеи огоҳи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки қарор аст, рӯзи 7 июни соли 2024 дар сохтооҳои ВКД Тоҷикистон як силсила тағйироти кадрии, ба таъбири ҳамсуҳбатони “Бомдод”, “хеле вазнин” сурат бигирад. Ба гуфтаи манобеъ, аз ҷумла сардорони раёсатҳои корҳои дохилии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, гуруҳи ноҳияҳои водии Рашт ва наиояндагони ВКД Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон, ҳамчунин сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД тибқи ротатсия иваз карда мешаванд.
Як ҳамсуҳбати “Бомдод” хабар дод, ки генерал-майори 37-сола Шоҳрух Саидзода, ки аз соли 2017, инак 7 сол боз сардори раёсати кофтукови ҷиноӣ буд, тибқи ротатсия, тарки ин мақом мекунад ва ба ҷои генерал-майор Ҳамидзода Бароталӣ Партов сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъйин хоҳад шуд. Ҳамидзода аз феврали соли 2022 сардори РВКД Душанбе буд.
Ба кадом вазифа гузаштани генерали 57-сола Ҳамидзода ҳанӯз маълум нест, вале қарор аст, рӯзи 7 июн ҳамроҳи ӯ сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт низ иваз карда шаванд.
Ба пойгоҳи “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, номи раҳбарони нави раёсатҳои корҳои дохилии вилояти Суғд ва минтақаи Раштро маълум кунад.