Капитани милитсия З.А., нозири гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори фаврию иттилоотии РВКД вилояти Суғд раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва ҷияни ӯ, ки дар Академияи ВКД Тоҷикистон таҳсил мекард, бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи ҳамсари як ҳамкораш ва сӯиқасд ба куштани ду фарзанди хурдсоли ӯ дастгир шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, З.А. – ғолиби озмунҳои “Китобхони беҳтарин” дар солҳои 2018 ва 2020 – шаби 5 сентябри соли 2022 дар пайи як муноқиша дар заминаи рашк ба сару рӯи ҳамсари ҳамкораш бензин рехта, ӯро оташ задааст. Вале лаҳзаи чӣ гуна аз ҷои ҳодиса фирор кардани ӯву ҷиянашро дурбинҳои видеокамераҳои назоратӣ сабт кардаанд.