Мақомоти вилояти Суғд як ҷавонзани 24-сола аз ноҳияи Суғдро ба он айбдор мекунанд, ки бо баҳонаи гӯё кумак Дилноза ном як духтари ҷавони 21-соларо аз як оилаи камбизоат тобеи худ гардонда, ба танфурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд маҷбур кардааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 14 феврали соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, хабар дод, ки ин ҷавонзан аз ноҳияи Ғафуров, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд дар як манзил иҷора менишаст, моҳи октябри соли 2022 бо ҷабрдида шинос шуда, аз вазъи душвори зиндагии ӯ огоҳӣ пайдо кардааст.
Гуфта мешавад, ки зани далла бо баҳонаи кумак бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, ӯро ба фоҳишагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҷалб кардааст.
Худи ин зани дастгиршуда мегӯяд: “Азбаски хонаи зист надошт, раҳми ман омад ва ӯро гирифта оварда, дар хонаи худам ҷой кардам. Байни мо ягон шарту шурут набуд, вале вақте ки як моҳ гузашт, ман ба Дилноза гуфтам, ки ин хел намешавад, мо бояд пули иҷораро 50 ба 50 ҷамъ карда супорем. Азбаски Дилноза ягон ҷои кор ва маблағе надошт, ба ҳамин кор даст зад ва аз мардҳои муштарияш аз 500 то 1000 сомонӣ мегирифт”.
Акбар Шарифӣ мегӯяд, зани далла Дилнозаро аввал ба рафтан ба марказҳои дилхушии шабона ва машруботу айшу ишрат одат кунонда, дар марҳалаи баъдӣ талқин ва маҷбураш кардааст, ки бо мардҳо ҳамхоба шуда, барои ҳар соати алоқаи ҷинсӣ аз 100 то 200 доллар бигирад. Ба гуфтаи сухангӯи милитсия, ин зан ҷабрдидаро барои бе иҷозати ӯ аз хона берун рафтан ё пайдо накардани мардони муштарӣ ҷазо медодааст. Дар ниҳоят Дилноза маҷбур шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад.