ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР, АЗ ҶУМЛА ДУ КӮДАК БАР АСАРИ СЕЛИ АЗИМ ДАР ҶАЛОЛОБОД

Опубликовано: 13 Июль 2021
на канале: Bomdod TV
1,484
11

Шоми 12 июл бар асари селу обхезӣ дар ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дастикам 8 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ду кӯдак аз деҳаи Тоштоқ, ки онро сел бурдааст, то ҳол идома доранд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, сел тақрибан соати 18 ба ноҳияи Оқсӣ фурӯ рехт. Дар деҳаи Жани –Жол ду ҳавлӣ ва роҳи ба сӯи чарогоҳ зери об монда, дар деҳаҳои Оқ-Жол ва Жолборсту офати табиӣ роҳҳову кӯпрукҳоро шуста бурдааст. Ба амалиёти наҷот 20 наҷотдиҳанда аз вазорати ҳолатҳои фавқулодда, 6 наҷотдиҳанда аз ноҳияи Оқсӣ, 7 корманди милиса ва ҳудуди 40 сокини маҳаллӣ ҷалб шудаанд.