Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 13-уми феврал, соати 16:30 дар километри 31-32 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст.
Барои тоза намудани роҳ аз тарафи идораи нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Ишкошим як булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, тахминан соатҳои 21:34 роҳи баста даркилометрҳои 51-52 ум дар мавзеи Бижур ба пуррагӣ боз шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 феврал дар як иттилоия гуфт, корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар километри 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад.
Ҳамчунин боз ҳам рӯзи 13-уми феврали соли 2022, соати 16:55, дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, дар мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ, дар километрҳои 18-24 уми деҳи Пиши Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов ва тахминан соатҳои 18:00 дар километрҳои 30-уми роҳ дар деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан баст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада аз ҷониби идораи нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Шуғнон як техникаи муҳандисӣ: боркунаки фронталӣ сафарбар гардида, соати 18:32 дар километри 8-ум, соати 20:40 дар километрҳои 18-24 ум ва соати 22:40 дар километри 30-юм роҳ боз шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеае нест.