МАРГИ ДУ ЗАНУ ЯК КӮДАК ВА ЗИНДА МОНДАНИ ЯК КӮДАКИ ДИГАР ДАР САДАМАИ МУДҲИШ ДАР АЙНӢ

Опубликовано: 18 Июль 2024
на канале: Bomdod TV
18,937
39

Дастаи махсуси наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар водии Зарафшон хабар дод, ки нимаи дуюми санаи 17 июли соли 2024 дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Айнӣ бар асари ба чуқурии тақрибан 150 - 180 метр чаппа шудани як мошини таҳти идораи ронандаи зан ронанда ва як зани мусофираш бо як кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Як кӯдаки дигар ба таври мӯъҷизавӣ дар ин садамаи мудҳиш зинда мондааст.
Бино ба иттилои наҷотдиҳон, рӯзи 17 июл, тахминан соати 18:20, ба навбатдори дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон аз тарафи сардори бахши ҳолатхои фавқулоддаи нохияи Айнӣ хабар дода шуд, ки дар километри 122-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди мавзеи Оби Хуиҷи ноҳияи Айнӣ садама рух додааст.
Наҷотдиҳон ба ҷои ҳодиса расида, маълум кардаанл, ки ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай Аванта” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошин ба дарёи Фондарё, ба чуқурии тақрибан 150-180 метр сарозер шудааст. Дар дохили мошин 2 зан ва 2 кӯдак будаанд. 3 нафари онҳо ҳангоми сарозер гаштани мошин аз дохили он ба берун афтида, ба ҳалокат расидаанд. Наҷотдиҳандагон бо ёрии кормандони ширкати IRS бо таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва ғаввосӣ ба лаби дарё фаромада, 1 нафар кӯдакро зинда аз лаби дарё бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд. Наҷотдеҳон ҳамчунин ҷасадҳои ду зану як кӯдаки ҳалокшударо аз лаби дарёи Фондарё бароварда, низ ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд.