Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як нашри вижаи барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти Ҳасан Мухторов, маъруф бо лақаби Эшони Ҳасан, муллои ҷинхоне хабар дод, ки 13 зану духтарро ба никоҳи худ даровардааст, вале бо бархеи онҳо ҳамагӣ чанд моҳу бо бархеаш ҳатто ҳамагӣ 3 рӯз зиндагӣ кардааст. Эшони Ҳасан, бино ба гузориши ВКД, дар баробари бисёрзанӣ ҳамчунин ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад.
Худи Эшони Ҳасан барои шарҳи қазия дастраас нест, вале ВКД мегӯяд, аксари ин занону духтароне, ки ӯ ба никоҳи худ дароварда буд, аз байни онҳое будаанд, ки барои аз баданашон дур кардани ҷинҳо ба ин муллои ҷинхон муроҷиат кардаанд.
ВКД мегӯяд, Эшони Ҳасан баъди қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ ин занҳоро дар нимароҳ мепартофт ва аз пардохти алимент ба фарзандони худаш саркашӣ мекард. Ҳасан Мухторов барои напардохтани алимент қаблан маҳкум ҳам шудааст.
Дар гузориш ба далелҳои ахлоқӣ номи занҳое, ки Эшони Ҳасан ба никоҳи худ даровардааст, гуфта нашудааст ва чеҳраҳои онҳоро низ пинҳон кардаанд.
Вале дастикам 7 зан дар гузориши ВКД баёнот медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров будаанд.
Яке аз ин занҳо мегӯяд: “Ҳасан Мухторов барои ҷинхонии духтарам ба хона омад. Дар бораи худам пурсид. Гуфтам, ки шавҳар надорам. Эшони Ҳасан ҳам гуфт, ки оилааш вайрон шудааст ва аз ман хост, то ба никоҳаш дароям. Розӣ шудам. Мо бо ҳам 3 рӯз зиндагӣ кардем”.
Як зани дигар дар навор иброз медорад, ки 10 рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳамсуҳбат шудаанд, ӯ худро эшон муаррифӣ кардааст ва баъди он ҳамдигарро дида, никоҳ кардаанд.
“Бо Ҳасан Мухторов 4 моҳ зиндагӣ кардам. Баъди он фаҳмидам, ки эшон боз оилаи дигар доштааст. Ҷанҷол кардам ва ҷудо шудем”, - мегӯяд ин зани ҷавон.