ДАР ИСТАРАВШАН ЯК РОНАНДА НОЗИРИ МИЛИСАРО ПАХШ КАРДААСТ

Опубликовано: 16 Январь 2023
на канале: Bomdod TV
15,539
60

Дар шаҳри Истаравшан ронанда Маъмур Шарипов ба он айбдор мешавад, ки аз итоат ба талаботи нозири БДА саркашӣ карда, баракс мошинашро болои нозири роҳ рондааст ва ӯро дидаю дониста ва барқасдона пахш кардааст.
Тавре Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод, ин ҳодиса дар арафаи Соли нав, субҳи 28 декабри соли 2022, тахминан соати 09:30 рух додааст.
Бино ба иттилои расмӣ, ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, рақами давлатиаш 55 65 АК 02, Шарипов Маъмур Акбарович, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Вогат дар канори шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар назди бозори марказии Истаравшан, ки яке аз ҷойҳо сермошин ва аз маконҳои пайваста тамбашавӣ ба шумор меравад, мошинашро дар як ҷои мамнӯъ нигоҳ доштааст.
Нозири калони ППС, ё хадамоти роҳбонии шуъбачаи БДА шаҳри Истаравшан лейтенант Эҳсон Муҳиддинов аз Маъмур Шарипов талаб кардааст, ки ҳуҷҷатҳояшро барои пур кардани протокол дар бораи вайрон кардани қоидаҳои роҳ ба ӯ бидиҳад.
Вале ронанда, бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, аз додани ҳуҷҷати ронандагиаш саркашӣ карда, кӯшиш кардааст, ки аз ҷои ҳодиса фирор кунад.
Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки ронанда нозири милисаро, ки дар сари роҳаш истода буд, бо мошин пахш карда, сипас аз онҷо фирор мекунад.
Дар натиҷа, пойи корманди БДА шикаста, ӯ дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ низ бардоштааст.