Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд. Маблағи ҷамъшуда ба оилаи сарбози ба артишрафта дода мешавад ё барои “харидории сарбоз” аз ноҳияи дигар сарф мегардад.
Дар бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд шеваи нави халосӣ аз хидмати ҳарбӣ ривоҷ ёфтааст: волидони ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ маблағ ҷамъ намуда, ба нафаре медиҳанд, то ба ҷойи писарашон хидмати ҳарбиро адо кунад.
Дар ҳолати якум, маблағи ҷамъшуда ба оилае дода мешавад, ки писараш “ихтиёрӣ” ба хидмат меравад. Бо ин роҳ маҳалла ё ҷамоат гӯё нақшаро иҷро ва қарзашро назди комиссариати ҳарбӣ адо мекунад.
Дар ҳолати дигар, бар ивази маблағи ҷамъшуда кормандони комиссариати ҳарбӣ ҷавонеро аз дигар ҷамоат ё ноҳия аз номи ҷамоати пулҷамъкарда ба артиш мефиристанд. Ва ин роҳ низ маҳалла ё волидонро аз гусели фарзандонашон ба артиш озод мекунад.
Мақомот, ки мушкилоти даъват ба хидматро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунанд, ин бор ҳам мавҷуд будани ин “шеваи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ”-ро тасдиқ ва ё рад накарданд, вале ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ буда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.