Абдулло Вазирови 65-сола, як табиб аз ноҳияи Рашт, ки ба номи “табиби Алии Бедакӣ” ном баровардааст ва барои расондани ёрии тиббӣ ба Алии Бедакӣ як сол зиндонӣ шуда буд, ахиран дар манзилаш дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт аз ҷониби мақомоти амниятӣ дастгир шудааст. Дар ин бора рӯзи 26 октябри соли 2023 радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) хабар дод.
Исматулло Абдуллоев, писари Абдулло Вазиров ба ин расона гуфтааст, “падарамро маъмурони амниятӣ ду ҳафта пеш бо худ бурданд, вале то ҳол сабабашро намегӯянд.”
“Аз манбаъҳои дигар фаҳмидем, ки гуё ба тундгароӣ муттаҳам аст. Чаро? Ягон тафсилот намедиҳанд. Мо барои ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе либосу хӯрок мебарем, ҳанӯз вакили мудофеъ нагирифтем,” – афзудааст ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун боздошти Абдулло Вазировро расман шарҳ надодаанд.