ВКД Тоҷикистон бо нашри як номаи таъзия дар сомонаи расмиаш аз марги нобаҳангоми муовини вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон хабар дод. Полковник Муборакқадамзода ҳамагӣ 51 сол дошт. Дар бораи иллати марги ӯ дар номаи таъзияи ВКД чизе гуфта нашудааст. Аммо дар ин таъзия марги полковдник Муборакқадамзода “марги нобаҳангом” ном бурда шуда, гуфта мешавад, ки роҳбарият ва ҳайъати шахсии ВКД аз даргузашти ин мақоми баландпояи милитсияи тоҷик сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Дар ҳамин ҳол, як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки Муборакқадамзода аз бемории қалб ранҷ мекашид.
Абдураҳмон Муборакқадамзода дар байни муовинони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ягона муовине буд, ки соҳиби унвони номзади илми ҳуқуқшиносӣ буд.Ӯ ҳамин тавр дар байни муовинони вазири дохила ягона муовине буд, ки полковник буд. Боқӣ муовинони вазири дохилаи Тоҷикистон ҳама генераланд.
Абдураҳмон Муборакқадамзода аз моҳи августи соли 2022 ҳамагӣ 10 моҳ дар мақоми муовини вазир кор кард. Аз он қабл ӯ аз соли 2018 то 2022 сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Хоруғ буд ва он ҳам дар як даврони хеле мушкили пур аз эътирозҳои оммавӣ дар ин шаҳр ва саркӯби хунини ин эътирозҳо дар моҳи майи соли 2022. Дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 Муборакқадамзода, ки он вақт сардори ШВКД шаҳри Хоруғ буд, дар ҷараёни задухӯрдҳо бо эътирозгарон бо корд аз пушташ ҷароҳати вазнин бардошта, 3 моҳ бистарӣ шуда буд.
Дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон дар моҳи августи соли 2022 Муборакқадамзода ба мақоми муовини вазири дохилӣ таъйин гардида, аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон бо орден қадрдонӣ шуда буд.
Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон 15-уми сентябри соли 1971 дар ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1999 Академияи ВКД Тоҷикистон ва соли 2008 адъюнктураи Академияи ВКД Русияро хатм кардааст. Муборакқадамзода номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буд.