АВВАЛИН ГЕНЕРАЛЗАНИ ТОҶИК САОДАТ АМИРШОЕВА: МАН ЗИДДИ ШАВҲАРИ ХОРИҶӢ КАРДАНИ ДУХТАРИ ТОҶИКАМ!

Опубликовано: 23 Февраль 2022
на канале: Bomdod TV
28,544
310

Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик, ки ҳанӯз соли 1999 соҳиби унвони мушовири давлатии адлияи дараҷаи III шуда буд, дар мусоҳибаи ихтисосие бо “Азия Плюс” гуфт, зидди ба хориҷиён ба шавҳар баромадани духтарони тоҷик аст. Ба ақидаи генерал Амиршоева, занону духтарони тоҷик ба хотири сарвату пул шавҳари хориҷӣ мекунанд, вале ин “барои ояндаи миллат хатарнок аст”. Саодат Амиршоева, ки 68 сол дорад, қаблан сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон ва вакили парлумон буд ва баъди бознишаста шудан ҳамчун адвокат фаъолият дорад. Ӯ дар замони дар вилояти Хатлон кор карданаш ҳам гуфта буд, ки “то вақте ки дар сари вазифаам ба ягон никоҳи занону духтарони тоҷик бо хитоиҳо иҷозат намедиҳам.”
“Ман ҳоло ҳам зидди шавҳар кардани духтари тоҷик бо хориҷиён ҳастам. Ин кор ба хотири сарвату маблағ мешавад, вале барои ояндаи миллат хатарнок аст. Масалан, агар имрӯз сад духтари тоҷик шавҳари чинӣ кунад, фардо сад фарзанди чинӣ таваллуд мешавад ва ақиқ аст, ки чиноӣ фарзандашро тоҷик намегузаронад. Маълум мешавад, ки дар як сол дар Тоҷикистон сад чинӣ зиёд шуд. Баъди 50 сол дар ин ҷо аз тоҷик ному нишон намемонад. Мо бояд духтаронамонро дуруст тарбият кунем, ки ба чунин роҳҳо наравад. Духтарони тоҷик шарафу номуси моянд”, гуфтааст Саодат Амиршоева дар суҳбат бо “Азия Плюс”.
Аммо дар посух ба ин суол, ки чаро замони вакили Маҷлиси намояндагон буданаш пешниҳоди манъи никоҳ бо хориҷиёнро ба парлумон пешниҳод ва қонунӣ накард, Саодат Амиршоева эътироф кард, ки ин пешниҳод қабул намешуд: “Агар ин пешниҳодро ба парлумон манзур мекардам, қабул намешуд, чунки он хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст. Дар қонунҳои байналмилалӣ озодии никоҳи байни мардум кафолат дода шудааст”.
Яке дигар аз ташаббусҳои пурсарусадои даврони вакилии Саодат Амиршоева манъи никоҳҳои хешутаборӣ буд, ки як қисми ҷомиа аз он пуштибонӣ мекунад, вале қисми дигар то ҳол норозианд. Бар асоси тарҳи нави Кодекси оила ва никоҳ, ҳоло дар Тоҷикистон никоҳ бо фарзандони амаку амма ва холаю тағо манъ карда шудааст.
Саодат Амиршоева мегӯяд, гузашти вақт нишон дод, ки манъи никоҳҳои хешу таборӣ тасмими дуруст буд