МАРГИ 8 КАС – 3 МЕҲМОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ВА 5 УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ АЙНӢ – ДАР 2 САДАМАИ ДАҲШАТБОР

Опубликовано: 03 Июль 2024
на канале: Bomdod TV
10,707
21

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 июли соли 2024 дар ду садамаи даҳшатбор дар километри 50-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва дар роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар наздикии деҳаи Шеватки поёни ноҳияи Айнӣ 8 нафар – 3 меҳмон аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ва 5 узви як оила аз Шеватки поён, бо шумули зану шавҳар ва се фарзанди хурдсоли онҳо – ба ҳалокат расидаанд. Танҳо дар як ҳафтаи охир бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 30 нафар, аз ҷумла тақрибан 10 кӯдак ҷон бохтаанд.