ГИРЯИ МОДАР БО 3 ФАРЗАНДИ МАЪЮБ

Опубликовано: 05 Февраль 2023
на канале: Bomdod TV
3,867
186

Шаҳло Мирзоева аз ноҳияи Ҷайҳун 42 сол ва 5 фарзанд дорад ва дар як хона иҷора менишинад.
Аз 5 фарзанди Шаҳло Мирзоева дуяш маъюбанд: духтараш, ки18 сол дорад, дар рӯи аробачаи маъюбист ва як писараш ношунавост. Боз як писари хурдсоли Шаҳло Мирзоева алакай чанд бор ҷарроҳӣ шуда ва боз ба дастикам се ҷарроҳӣ ниёз дорад.
Шаҳло Мирзоева дар видеое, ки созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон” (раҳбараш Сарвиноз Сафарова нашр кардааст, бо гиряву нола ва хеле пурэҳсос аз шароити сахти зиндагиаш қисса мекунад: “Духтари ман ба синни 18 расид. Ман ҳамсолони ӯро мебинаму диламу ҷигарам барои духтари дардмандам реш мешавад. Ин як писарам ношунавост, ин дигараш ба се ҷарроҳии дигар эҳтиёҷ дорад. Табибон мегӯянд, ки кӯдакон табобат мешаванд, вале бояд ба муолиҷа давом дод. Аммо ман дигар зӯрам намерасад, ки онҳоро табобат кунам. Зӯрам намерасад, ки онҳоро хӯронам, пӯшонам, ё ҳатто бо як сарпаноҳи гарму бароҳат таъминашон кунам. Бо 5 кӯдак ҳама дар як ҳуҷра хобем, чунки зӯрам ба гарм кардани танҳо як ҳуҷра расид. Дигар зӯрам намерасад...”
Ин модар аз ҳамватанони дастбахайр хоҳиш дорад, ки бетараф набошанд ва ба ӯ барои табобати фарзандонашон дасти кумаки худро дареғ надоранд. Аз онҳое, ки имкони кумаки молиявиро ба ин хонаводаи муҳтоҷ надоранд, хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳаққи онҳо дуои нек кунед ва ин видеоро ба дигарон равон кунед ва дар ин амали хайру савоб ҳамроҳ шавед.
Онҳое ки мехоҳанд ба Шаҳло Мирзоева ва фарзандонаш кумак бирасонанд, метавонанд ба ин ҳисобҳо кумаки худро интиқол диҳанд:
Сбербанк 2202206191315527 Мухаммадтавоножон Музафаров
Телефони Шаҳло Мирзоева: +992 990 22 91 22
Корти мили Душанбе Сити 9762000013173801
Алиф 4444888810572127
Телефони раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Баҳори Кӯдакон" Сарвиноз Сафарова:
+992 918-57-08-29.
Зимнан, Сарвиноз Сафарова бо мақсади густариши маъракаҳои хайрияаш барои ҷамъоварии кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд ва беморон канали худро дар шабакаи Ютуб бо номи SARVINKHAYR Tj кушодааст. Азбаски ин канал бо нияти хайр кушода шудааст, хуб мебуд, агар ҳамватанон ҳама ба он обуна мешудем ва бо ин роҳ барои амалӣ гаштани нақшаву амалҳои хайр кумак мекардем.
Нишонии канали SARVINKHAYR Tj чунин аст:
   / @sarvinozsafarova1635