ДОДГОҲИ ШОҲМАНСУР БА МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ОҒОЗ МЕКУНАД

Опубликовано: 20 Сентябрь 2022
на канале: Bomdod TV
8,153
55

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 21 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи пурсарусадои журналисти 26-солаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз мекунад.
Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов, ки дар ин парванда аз ҳуқуқи Ғурбатӣ ҳимоя мекунад, хабар дод. Маълум нест, мурофиаи рӯзноманигор ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста?
Як моҳ пеш гузориш шуда буд, ки мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бар асоси се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2). Барои таҳқири намояндаи давлат ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад. Худи Ғурбатӣ ин иттиҳомотро комилан рад мекунад.