ИН АЛАКАЙ ДУЮМАШ! БОЗ ЯК КОРМАНДИ АНДОЗИ ШАҲРИ ВАҲДАТРО ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ҚАПИДАНД

Опубликовано: 16 Июнь 2024
на канале: Bomdod TV
2,156
23

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин аз боздошти корманди муассисаи давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод. Дар ҳафтаи ҷорӣ Агентӣ инак аз боздошти 2 корманди андози Ваҳдат барои гирифтани пора хабар дод.
Маркази матбуоти агентӣ гуфт, дар ҷараёнигузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Саидзода К.Б. аз 16 феврали соли 2022 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андози шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш “қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт моҳи апрели соли 2024 аз шаҳрванд А.Р. барои омода карда додани маълумотнома оиди қарздор набудани падараш аз андози замин маблағи 4000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтааст”.
Ғайр аз ин, гуфта мешавад, дар иттилоияи нашршуда, “Саидзода К.Б. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, худи ҳамон вақт дар ҳамшарикӣ бо сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадри КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат Рабизода Т.А. аз шаҳрванд А.Р. барои омода намудани як қатор ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 7200 сомонӣ талаб намуданд, ки дар натиҷа Саидзода К.Б. ва Рабизода Т.А. зимни гирифтани ин миқдор маблағ аз шаҳрванд А.Р. дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд”.