Дониёр Набиев, маъруф ба бобои Дона, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), рӯзи 27 августи соли 2023 дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” Саидисҳоқ Бобоев, яке аз фаъолони мухолифин хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, бобои Дона нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 27 август ҷон додааст ва ҷанозаи ӯро субҳи 28 август, соати 10 ба хок супурдаанд.
Бобои Дона, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ 27 августи соли 2020 бо иттиҳоми ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ҲНИТ расондани кумакҳое, ки аз хориҷ равон мекарданд, боздошт ва моҳи декабри ҳамон сол ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо алакай баъди 8 моҳи ҳабс, дар санаи 23 апрели соли 2021 ӯро ба иллати бемории сил доштанаш аз зиндон ҷавоб доданд.
Дар се соли пеш маҳкум ба зиндон шудани як нафари солхӯрдаи дар синни 80 ва он ҳам бо ҷурми расондани кумакҳо ба хонаводаҳои зиндониён мавҷи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистонро барангехт ва ба ин мавзӯъ созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон низ таваҷҷуҳ карданд.
Дар посух ба ин интиқодҳо ВКД Тоҷикистон рӯзи 8 январи соли 2021 бо пахши як изҳорот гуфт, додгоҳ Дона Набиевро гӯё дар ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ гунаҳкор шинохтааст.