Табиби зодаи Тоҷикистон Ҷовид Зарипов дар сабқати беҳтарин стоматологҳо ё дандонпизишкҳои Русия, ки пойгоҳи тиббии ПроДокторов баргузор кард, аз байни 168 довталаб яке аз се нафаре буд, ки сазовори Гран При, ё шоҳҷоиза шуд. Ҷовид дар Фейсбук навишт, ки ин пирӯзиро ба падараш Акбар Зарипов, яке аз дандонпизишкони номдори Тоҷикистон мебахшад.
“Сипос ба падарам Зарипов Акбар Раҳмонович барои заҳматҳо, барои тарбия ва барои ин касб. Ин пирӯзиро ба падарам мебахшам! Ин пирӯзии Шумост, падари азизу маҳбубам!”, - навиштааст Ҷовид Зарипов.
Ҷовид аз сулолаи дандонпизишкон буда, 16 апрели соли 1992 ба дунё омадааст. Ӯ соли 2014 риштаи стоматологияи Доншгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ва соли 2015 интернатураи ҳамин донишгоҳро хамт кардааст. Аммо Ҷовид мегӯяд, таҷрибаи беш аз 10 соли кори дандонпизишкиро дорад, чунки алакай аз соли дуюми таҳсил ба падараш ҳамчун ёвар кумак мерасонд.