ҲУКМИ ЗИНДОНИ “МАМА РОЗА” БО НОМИ МАНИЖА БАРОИ БА ТУРКИЯ БУРДАНУ БА ТАНФУРӮШӢ МАҶБУР КАРДАНИ ДУ ЗАН

Опубликовано: 21 Декабрь 2023
на канале: Bomdod TV
3,939
19

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Манижа Неъматуллоӣ, сокини 21-солаи ҷамоати ба номи Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сокини муваққатии маркази вилояти Суғдро бо ҷурми ба Туркия бурдану дар онҷо ба танфурӯшӣ водор кардани ду ҷавонзани шаҳрванди Тоҷикистон ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи 19 декабри соли 2023 бо нашри як гузориши видеоӣ аз толори додгоҳ дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод.
Назари зани маҳкумшуда ба ҳукмаш дастрас нест, вале дар толори додгоҳ ӯ пушташро гардонда, гап мезад, то чеҳрааш дар дурбини видео наафтад.
Бино ба гузориши нашршуда, Манижа Неъматуллоӣ моҳи декабри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии як ҷавонзан даромада, бо ваъдаи таъмин кардан бо ҷои кори сердаромад дар Туркия, ӯро ба ин кишвар фиристодааст. Аммо баробари ба Туркия расидани он ҷавонзан, ӯро зери асорати қарзӣ қарор дода, вайро дар тӯли як сол ба танфурӯшӣ водор кардаанд.
Ҳамин тавр, бо ҳамин усул Манижа Неъматуллоӣ моҳи январи соли 2022 бар асоси маслиҳати пешакӣ бо шариконаш, ки дар хориҷ қарор доранд, боз як зани дигарро ба Туркия фиристода, ӯро ҳам зери асорати қарзӣ ва таҳти истисмори шаҳвонӣ қарор додаанд.
Додгоҳ Манижа Неъматуллоиро бар асоси қисми дуюми моддаи 130, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар савдои одамон гунаҳкор шинохта, ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои қочоқи занон аз 8 то 12 соли занонро пешбинӣ мекунад.
Иловаи 1 ба моддаи 130 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон чанд сол пеш, дар пайи афзудани мавридҳои ба хориҷ, асосан ба Туркияву Имороти Араб ва дигар кишварҳои арабӣ ва ҳатто ба Гурҷистон бурдану дар онҷо ба танфурӯшӣ водор кардани занону духтарони шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.
Акбар Шарифӣ гуфт, ин зан ба хотири даромади пулӣ даст ба чунин ҷинояти нангин ба зидди обрӯву эътибори инсонии занон задааст.