ТОРИ АНКАБУТ - рассказ о самых многочисленных жертвах терактов. Речь о целых народах и странах.

Опубликовано: 01 Август 2024
на канале: Radio Vatan
62
4

Чаро тоҷикон террористу маргталаб мешаванд?

3 январи соли 2024 дар вилояти Кирмони Эрон бар асари як ҳамлаи террористие, ки тибқи маълумоти хадамоти кашфи Эрон аз ҷониби тоҷикон анҷом шуд, 91 нафар кушта ва дастикам 102 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Як моҳ қабл дар Олмон як шаҳрванди Тоҷикистон барои омода кардани ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо боздошт шуда буд.

Мақомоти интизомии Олмон 7 нафар исломгароро бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи террористӣ ва иртибот бо "Давлати исломӣ" боздошт кардаанд, ки панҷ нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аксаран ҷавонони мо дар ин масъалаҳо бо роҳи фиреб пойбанд мегарданд.

Аммо барои чӣ? Ҳар як шахси террорист ва радикалӣ барои ин ангезаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ё мазҳабӣ дорад. Масалан, инкор кардани ҳукумати кунунӣ, хоҳиши қавӣ барои ғанӣ шудан, таблиғи динӣ аз ҷониби куратор ё рекрутер метавонад эҳтимолан шахсро ба сафи террористон ҷалб кунад.

Аксари сокинони Тоҷикистон зери таъсири омилҳои мухталиф диндори зиёд мешаванд, аммо дар баробари ин донишу салоҳияти кофӣ надоранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки онҳо метавонанд хеле зуд зери таъсири қариб ҳар як шахсе, ки худро ҳамчун шахсияти динӣ муаррифӣ мекунад, дар ин моҷаро меафтанд. Чунин одамон одатан итоат мекунанд ва тафаккури интиқодӣро хомӯш мекунанд. Онҳоро ба иштирок дар гурӯҳҳо, ҷамоатҳо, ҳаракатҳои гуногун водор кардан хеле осон аст. Илова бар ин, дар Тоҷикистон мушкили таълими ғайриқонунии динӣ, аз ҷумла таълими онлайн тавассути шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва манобеъи интернетӣ вуҷуд дорад - ин яке аз шадидтарин омилҳои ифротгаро шудани ҷавонони Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муаллиф: радио «ВАТАН»
Рӯзноманигор: Маҷнуни Баҳром
Муҳаррир: Сайера Киёмидин
Продюсер: Мадина Хусейнова

Мусиқӣ: Dramatic Story by Alex-Productions | https://onsound.eu/ Music promoted by https://www.chosic.com/free-music/all/ Creative Commons CC BY 3.0 https://creativecommons.org/licenses/...

Дар доираи лоиҳаи радиои Ватан, ки аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

#радиоватан #radiovatantj #radiovatan #rek #mytj #радиоватанонлайн #противтерроризма #противэкстремизма #терактвкрокусе #таджикивроссии