Даҳҳо мошини тоҷикон дар марзи Русия банд мондааст

Опубликовано: 27 Август 2024
на канале: Ozodivideo
19,940
190

Даҳҳо мошин аз #Тоҷикистон, ки бояд вориди Русия мешуданд чанд рӯз боз дар гузаргоҳи "Сагарчин"-и Русия банд мондаанд. Ба гуфтаи мусофирон онҳо чор рӯз боз мунтазири убури марзанд, аммо марзбонони Русия ба онҳо иҷозаи вуруд надодаанд. Гуфта мешавад миёни мусофирон занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Сабаби банд мондани мусофирони тоҷикистониро шарҳ надодаанд.