УММАТӢ ВО УММАТИ
Дар ғами уммат шабу рӯзаш ба тоъат сарф шуд,
Вирди лабҳои муборак бегумон панҷ ҳарф шуд.
Чашм бикшоду забонаш умматонро ёд кард,
То дами мурдан барои мову ту фарёд кард.
Дидагонаш баҳри уммат ҷори аз оби равон,
Ёди уммат менамуд баҳри дами рӯзи гарон,
То нафас андар танаш будан нагуфт ҷуз умматӣ,
Ҳар даме мегуфт шабу рӯз умматӣ во умматӣ.
Аз худат ай ҷони ширин пурс як дам ин суол,
Баҳри пайғамбар чи карди?бар гуноҳ доди маҷол
Оҳ аз он рӯзе ки моро боз пайдо мекунанд,
Ҷумлаи неку бади моро ҳувайдо мекунанд.
Шарми исён бар замин меафканад сарҳои мо,
Бишканад он рӯзи мушкил болу ҳам парҳои мо.
Ғофило қадри Паямбарро бидон бедор бош,
Ло ақал аз баҳри ҳоли зори худ ғамхор бош.
Хидмати дини набӣ созу шикан аҳди гуноҳ,
То биёби чораи мушкили ин роҳи
табоҳ.
То Паямбар аз тану ҷонат туро ширин нашуд,
Бегумон ин пайравиҳо пайрави аз дин нашуд.
Ҷону сад ҷонро фидо кун баҳри номи Мустафо,
То ки ин қалби сиёҳатро расад субҳи сафо.
Мустафо гар умматӣ мегуфт баҳри уммат аст,
Уммат он аст ки шуҷоъу марди роҳи ҳиммат аст.
Ҷони ширин панди Иқбол бишнаву ғофил машав,
Пайрави дини набӣ бошу бани ҷоҳил машав.