ПАДАР.... -УМЕДИ РАҲМАТ 2020

Опубликовано: 16 Декабрь 2020
на канале: УМЕДИ РАХМАТ
14,195
257

Чашмхои аз мухаббат нуршарар дорад падар,
Синаи монанди оташ шуълавар дорад падар.
Бо нигохи пай барад аз холати фарзанди худ,
Аз хама рози нихони дил хабар дорад падар.

Дар вучудаш заррае номардуми мавчуд нест,
Чуз чавонмарди кучо фикри дигар дорад падар.
Бахри икболу саодат дар набарди зиндаги
Аз сари чони азизи худ гузар дорад падар.

Дар бинои хонадон бар шахсутун монад хаме,
Рузгору хастии моро ба сар дорад падар.
Бар камоли фитрати у сар бурун орад Али,
Дар ниходаш оламе фазлу хунар дорад падар.

(Али Бобочон)